10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба Фаронса бо вазири мудофиаи Фаронса Мишел Алё Мари мулоқот кард.
Дар сӯҳбати пурмӯҳтаво маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Аснои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо далелу асосҳои воқеӣ зикр намуд, ки омили муҳимми суботу оромӣ барҳам задани камбизоатию нодороии мардум аст, зеро аксар масъалаҳои доғи рӯз ва таҳдидҳои глобалии экологӣ аз он сарчашма мегиранд.
Дар сӯҳбат ба муҳимтарин масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир карда шуд.