Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Кумитаи Иҷроияи Созмони Озодибахши Фаластин, Раиси Ҳокимияти Миллии Фаластин Маҳмуд Аббос

15.11.2005 09:00, шаҳри Душанбе

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Кумитаи Иҷроияи Созмони Озодибахши Фаластин, Раиси Ҳокимияти Миллии Фаластин Маҳмуд Аббос барқияи таҳният фирстод, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:                        

"Ба муносибати иди миллии мамлакати Шумо - Рӯзи истиқлолияти давлатии Фаластин табрику таҳнияти самимонаи маро қабул намоед.

Умедворам, ки истиқрори сулҳу суботи Шарқи Наздик уфуқҳои нави ҳамкории байни мамлакатҳои моро мекушояд.

Аз ин имконияти хуш истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат, тансиҳатӣ, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Фаластин сулҳу беҳбудӣ орзу менамоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520