Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич

17.11.2005 16:00, Тунис

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тунис бо Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Хорватия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватия дахл намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки бо мо муносибатҳои деринаи дӯстӣ доранд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад.

Ҷонибҳо атрофи имкониятҳои ҳамкории сиёсию иқтисодӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ"-и Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) табодули назар намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисод ва савдо, туризм, энергетика ва амнияти минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманду эътимодбахш бо назардошти омӯзиши таҷрибаи иқтисодию сиёсии баъдиҷангии ҳамдигар изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520