Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Шоҳи Непал Гиянендра Бир Бикрам Шоҳдев

18.11.2005 15:00, Тунис

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тунис ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ҷаҳонии сарони кишварҳо оид ба ҷомеаи иттилоотӣ бо Шоҳи Непал Гиянендра Бир Бикрам Шоҳдев мулоқоти дӯстона анҷом дод.

Сарони кишварҳо мубодилаи муфиди афкорро дар бораи охирин равандҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегияи кишварҳои худ анҷом дода, зимни он зарурати барпо намудан ва инкишоф додани равобити дӯстона байни Шоҳигарии Непал ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Ҳангоми мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақавӣ низ баррасӣ гардида, дар шароити ҷаҳонии иқтисодиёт ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти бузург доштани алоқаву робитаҳои ҳамаҷониба дар сатҳу зинаҳои гуногун мавриди таъйид қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Непал дар мавриди рӯйдодҳои байналмилалӣ ва ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқӣ табодули афкор намуданд ва изҳор доштанд, ки наздикӣ ва ё яксон будани мавқеи кишварҳоямон дар аксари кулли мавзӯоти байналмилалӣ шароити хуберо барои ҳамкорӣ дар арсаи байналхалқӣ фароҳам месозад.

Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд ва таърихи сафар тариқи каналҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520