Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибн Рошид ан - Нуаймӣ

08.12.2005 11:00, Арабистони Саудӣ

8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маккаи Мукаррама бо вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибн Рошид ан - Нуаймӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Тоҷикистон,- таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат, - ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд".

Ҷонибҳо атрофи татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб соли 1995 ба имзо расида ва таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судбахш мубодилаи афкор намуданд.

Мусоҳибон сатҳи равобити дуҷонибаро, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷорат қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Қайд гардид, ки тайи даҳ моҳи соли равон мубодилаи мол дар қиёс бо соли гузашта қариб 50 фоиз афзудааст.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи Амороти Муттаҳидаи Араб ба лоиҳаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ, роҳҳои аҳамияти минтақавидошта, истифодаи самарабахши захираҳои тиллоии об ва канданиҳои фоиданоки зеризаминии кишвари мо табодули назар намуданд, ки аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибн Рошид ан - Нуаймӣ бисёр ҷолиб арзёбӣ карда шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили муҳимми минтақавию ҷаҳонӣ ва саҳми Созмони Конфронси Исломӣ ва кишварҳои мусулмонӣ дар онҳо табодули назар карда шуд.

Дар мулоқот муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520