Қобили таъкиди махсус аст, ки рӯзи 8 декабр бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ Малик Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд баъди анҷоми иҷлосияи сеюми фавқулодда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дохили хонаи Каъба даромада, онро аз дарун зиёрат кард. Ин ҳуқуқро танҳо Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходим-ул- Ҳарамайн, яъне хидматгори ду макони муқаддастарини мусулмонони олам Маккаю Мадина дораду бас.
Он рӯз ин шарафи бузург, орзуи ҳаётӣ ва имконнопазири ҳар як мусулмони рӯи олам бори аввал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки боиси ифтихору сарбаландии кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз бахти баланди Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар бори 5-ум дар иҷлосияи Созмони Конфронси Исломӣ иштирок намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо баромаду пешниҳодҳои дархӯри дарди ҷомеа, фарогири мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо дар байни сарони кишварҳои аъзои ин ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ба ҳайси як сиёсатмадори варзидаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.
Ҳамин тариқ сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ бо натиҷаҳои зиёди судбахш барои афзоиши нуфуз ва обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахши оянда шоми рӯзи 8 декабр анҷом ёфт.