Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Алҳоҷ Муҳаммад Исмоилхон

10.12.2005 11:00, Арабистони Саудӣ

10 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Алҳоҷ Муҳаммад Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика", ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моҳи апрели соли равон ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Мо бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Павриз Мушарраф ва бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба мувофиқа расидем, ки ба сохтмони хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон то Покистон аз тариқи Афғонистон суръат бахшем, ки он ҷавобгӯи манфиати ҳама кишварҳои минтақа аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки барои амалӣ намудани ин нақшаю ниятҳо тадбирҳои муштарак бояд андешида шаванд.

Дар мулоқот роҳу восита ва иштироки энергетикҳои Тоҷикистону Афғонистон дар сохтмони хатти интиқоли барқи ҷумҳурии мо ба Афғонистону Покистон ва дар Тоҷикистон омода кардани мутахассисони соҳаи энергетикаи Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - омода аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни Афғонистон ва дигар самтҳои зарурӣ ба бародарони ҳамсояи худ кӯмак расонад".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520