Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими расмии савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.11.2006 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар сарнавишти таърихии миллати тамаддунпарвар ва давлати мустақили Тоҷикистон рӯзи воқеан фаромӯшнашаванда аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду демократӣ Президенти мамлакатро ба таври умумихалқӣ интихоб карда, ба ҷаҳониён ҷонибдории худро аз раванди сиёсати ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, марҳилаи пайгиронаи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ собит намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор бо дарки амиқи аҳамият ва рисолати давлатдорӣ ва эҳсоси масъулият барои тақдири имрӯзу ояндаи миллат ва давлат ба тамоми халқи азизи Тоҷикистон, ки ба ман эътиқоду боварии бузург зоҳир карда, аз нав ба мақоми олӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донист, аз самими қалб миннатдорӣ баён менамоям.

Бо камоли сарфарозӣ аз иродаи неку созанда, ширкати озоду фаъолона ва эътимоди шаҳрвандони мамлакат мехоҳам ба ҳар фарди бонангу номус ва огоҳу бедордили Ватан, падарону модарони бузургвор, бародарону хоҳарони арҷманд ва фарзандони азизу меҳрубон эҳтирому самимият ва орзуҳои беҳтарини худро иброз намоям.

Ман ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзҳои кишвар қарор доранд, барои ширкати фаъолонаашон дар маъракаи интихобот ва табрикоти самимонаи онҳо сипоси бепоён изҳор медорам.

Инчунин табрикоти самимонаи сарварони олимақоми кишварҳои дуру наздики олам ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалиро на фақат ба шахсияти Президенти Тоҷикистон, балки пеш аз ҳама чун ифодаи эҳтиром ба миллати куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик медонам, ки маро мисли фарзанди худ ба камол расонидааст.

Ман ҳанӯз ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда будам, ки тамоми нерӯву ғайрат ва зиёда аз ин, ҳастиамро барои ояндаи неки Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азизам сарф мекунам.

Таърих бузургтарин ҳакам аст ва баъди солҳо ба ҳусну қубҳи фаъолияти роҳбарону пешвоён, аз ҷумла ба саҳми хоксоронаи ман дар мақоми олии Президенти Тоҷикистон баҳои арзанда медиҳад. Агар дар зарфи солҳои гузашта ба дастоварде ноил шуда бошем, ин қабл аз ҳама маҳсули талошу заҳмати фидокоронаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Вале имрӯз масъулияти бузурги маросими савгандёдкунӣ, пеш аз ҳама бовариву эътимоди халқи азизам, ки тақдири мамлакатро дар тӯли ҳафт соли оянда бар дӯши ман вогузор намуд, водор месозад, ки савганди аввалаамро такрор намоям: то вақте ки дил дар синаам метапад, тамоми қуввату ғайрат ва ҳастии худро барои ободии Ватан, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ва осудагии миллати тамаддунсозу соҳибмаърифати тоҷик фидо мекунам.

Дӯстони азиз!

Интихоботи мо - оғози марҳалаи сифатан нав дар татбиқи усул ва арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи демократӣ мебошад. Ширкати озод ва масъулонаи интихобкунандагон ва ҷонибдории амалии стратегияи муосири давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дастоварди арзишманди оғози ин марҳала аст.

Қобили зикр аст, ки дар давоми понздаҳ соли истиқлоли давлатӣ мо ба як силсила дастовардҳои таърихӣ ноил шудем ва заминаи амалии стратегияи навинро фароҳам овардем.

Ҳама дар хотир доранд, ки мо дар оғози роҳи соҳибистиқлолӣ дар вазъи ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ қарор гирифтем: кишвари мо, ки амалан ҷумҳурии камрушд ва дорои мушкилоти ниҳоят зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии собиқ Шӯравӣ буд, бо фурӯпошии он давлат ва шиддати муборизаи дохилӣ ба вазъи сангинтар гирифтор шуд.

Ҳамзамон бо ин, афзоиши рӯзафзуни дахолати ҳалқаҳо ва қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ бо ҳамдастии фаъоли баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар омили шиддати бесобиқаи бӯҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги гражданӣ гардид.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва ҳассос эҷоди стратегияи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи халқи Тоҷикистон ва мусоидати хайрхоҳонаи кишварҳои олам ва ҷомеаи байналмилалӣ муваффақона татбиқ шуда, минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид, миллати моро аз парокандагӣ ва кишвари азизамонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.

Бинобар ин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ризоияти иҷтимоӣ барои мо дастовардҳои арзишманд ва муқаддас мебошанд. Гузашта аз ин, онҳо омили муҳимтарини рушди минбаъдаи кишваранд ва бояд пайгирона тақвият дода шаванд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон мушкилоти зиёди иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои татбиқи нақшаҳои бузурги пешрафт табдил ёфтааст.

Кишвари маҳбуби мо ҳоло имконияти воқеии гузаштан ба марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодиву иҷтимоиро ноил гаштааст ва ояндаи он дурахшон мебошад.

Таҳкурсии асосии бунёди давлати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ва мунтазам рушдёбанда ташаккули иқтисоди бозории қобили рақобат ва муосир мебошад ва барои ин ҳамаи самтҳои ислоҳоти иқтисодӣ, чораҳои бартараф намудани проблемаҳо, мубориза бар зидди коррупсия суръатафзун ва мунтазам густариш дода мешавад.

Таъмини бонизоми рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардум дар асоси қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанг мебошанд, амалӣ мегардад.

Дар ҳафт соли наздик ҳалли вазифаи ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии зерин, ки асоси рушди устувори иқтисоди миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мебошанд, муҳим ва зарур аст.

Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд.

Инчунин корҳои геологиву ҷустуҷӯӣ, коркарди конҳои ангишт, ки дар Тоҷикистон захираҳои бузург доранд ва истихроҷи газу нафт инкишоф дода мешаванд.

Барои комилан раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ робитаи нақлиётии ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол, таҷдид ва сохтмони ро??ои ҳозиразамони мошингард, бунёди нақбу пулҳо ва роҳҳо барои баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ босуръат идома дода мешавад.

Татбиқи чорабиниҳо барои таъмин намудани амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар босуръат идома дода мешавад ва дар ин самт оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, азхуд намудани заминҳои нав, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, муҳайё намудани низоми такмилёфтаи қарздиҳӣ ва суғурта, ворид намудани технологияи пешқадам ва техникаи муосир, афзун намудани истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатии он, зиёд намудани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дастгирии давлатии он ҳамеша вусъат меёбад.

Барои рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан татбиқи чораҳои ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва ҳарчи пурра истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, зиёд кардани корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва ба рақобат тобовар, зиёд кардани корхонаҳои коркарди маъдан ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар вусъат дода мешаванд.

Ҷиҳати густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна дар кишвар фазои инвеститсионӣ ҳамаҷониба такмил дода шуда, барои ҷалби бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва технологияи муосир ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин ҷиҳати ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, минтақаҳои махсуси саноатӣ ва сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Барои таъмини фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ масъалаҳои татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, ташкили сохтори нави молиявию бонкӣ барои дастгирии соҳибкорон, зиёд намудани имкониятҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, дастгирии давлатии бахш ва пешниҳоди қарзҳои хурд барои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

Барои идораи бевоситаи раванди ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷалби инвеститсияҳо сохтори алоҳида таъсис дода мешавад.

Бо мақсади густариши фаъолияти инвеститсионӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли бонизоми масъалаҳои сармоягузорон ва соҳибкорон дар кишвар низоми соддагардида ташкил карда мешавад.

Сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ бемайлон идома дода мешавад ва он дар асоси ҷорӣ намудани механизми нави ташаккули буҷети миёнамӯҳлат, татбиқи сиёсати мутавозини буҷетӣ, таъмини шаффофият ва самаранокии идораи молияи давлатӣ, нигоҳ доштани қобилияти харидории асъори миллӣ, сатҳи пасти таваррум, устувории фаъолияти бонкҳо ва сохторҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба системаи бонкӣ, тақвияти назорати бонкӣ, зиёд кардани ташкилотҳои маблағгузории хурд, дастрас будани қарзҳо, такмили системаи пардохт, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва асъор амалӣ мегардад.

Ислоҳоти идораи давлатӣ ва сохтори идораи иқтисодиёт ба воситаи татбиқи чораҳо ҷиҳати ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯрӣ амалӣ карда мешавад.

Мо роҳи ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули иқтисоди бозориро пеш гирифтаем, барои густариши он тамоми чораҳоро амалӣ мегардонем ва дар ин роҳ ҳамкориро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат медиҳем.

Мақсаду мароми аслии мо аз тамоми чорабиниҳо ва барномаҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.

Расидан ба ин ҳадафҳои инсонпарварона ва олӣ, чунон ки борҳо таъкид карда будам, бевосита ба рушди соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг вобаста мебошад. Чунки кадрҳои донишманд ва мутахассисони варзидаи ватанпараст ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қодир ҳастанд.

Бинобар ин, соҳаҳои мазкур афзалиятнок дониста шуда, ҳамеша таҳти назорат ва таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор гирифтаанд ва дар оянда ба онҳо диққати боз ҳам бештар дода хоҳад шуд.

Ғамхории доимӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон аз вазифаҳои муҳими иҷтимоии давлат мебошад. Ба ин манзур дар солҳои оянда низ барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва таъминоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои неки анҷомдодаамонро идома хоҳем дод.

Ҳамчунин сиёсати мо нисбат ба ҷавонон ва занон мисли солҳои собиқ давом ёфта, ғамхорӣ ба онҳо ва таъмини иштироки фаъолонаашон дар корҳои идораи давлат ва ҳаёти ҷомеа мавриди диққати ҷиддӣ қарор мегирад.

Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод ва изҳори ақида, сухан, матбуот ва такмили дигар унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳиму доимии давлат мебошанд.

Дар ин самт нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ, қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле муассир мебошад.

Бинобар ин, бо мақсади рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар ҳарчи зудтар Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гардонида шавад.

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи хуқуқ, ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва аъзои ҷомеа буда, тамоюли муайянкунандаи он пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб мебошад.

Мо бояд возеҳан дарк намоем, ки дар оғози марҳалаи нисбатан тӯлонӣ қарор дорем. Мазмуни аслии ин марҳала бунёди ҷомеаи пешрафта ва муосири демократӣ мебошад. Ин ҷомеа бояд қодир бошад, ки барои ҳар фарди Ватан зиндагии озоду шоиста ва пешрафти фарҳангиву маънавиро фароҳам ва таъмин намояд.

Татбиқи ин ҳадафи воло стратегияи дарозмуддат ва асосноки рушди миллиро тақозо дорад. Мо чунин стратегияро тарҳрезӣ ва пешниҳод хоҳем намуд. Самти муҳимтарини фаъолияти мо таҳкими давлатдории навин ва низоми сиёсиву идории он мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Ба шарофати истиқлоли Ватан, яъне баъди садсолаҳо имкони амалии он муяссар гардид, ки мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардем. Ин имкони заррини таърих ба давроне рост омад, ки таҳаввулоти амиқ ва ниҳоят зиддиятнок дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҷараён доштанд ва бӯҳрони сиёсӣ ба авҷи худ мерасид.

Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос ва хатарнок мо стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи минтақавӣ ва байналмилалиро таҳия ва амалӣ намудем, ки на фақат манфиатҳои олии миллии моро таъмин намуд, балки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил дод.

Дар ин марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати "дарҳои кушода" ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст. Мо ба ягон кишвар ва давлат ғарази сиёсӣ надорем ва хоҳони равобити нек, содиқона ва холисона бо ҳама давлатҳо мебошем.

Ба манзури таъмини шоиста ва зарурии манфиатҳои дарозмуддати худ мо дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои судманд хоҳем дошт.

Ҳамзамон равобити фаъолу созанда ва рушдёбандаро бо кишвари бузурги ҳамсоя - Ҷумҳурии Халқии Чин таҳким бахшида, барои тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худ бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико саъю кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Дар ин ҷода мо барпо намудан ва инкишофи матлуб бахшидан ба робитаву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар ҳамаи арсаҳо, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби технологияҳои муосир ба манфиати тарафайн ва ҳамкории минтақавию ҷаҳонӣ мешуморем.

Таъмини ҳамкории васеъ ва сатҳи муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаи ниҳоят муҳим ва стратегии марҳалаи кунунӣ аст.

Мо ҳамсояҳои таърихӣ мебошем ва абадан чунин хоҳем монд. Ҳадафи мо ин аст, ки ҳамсояҳои воқеан ва амалан нек бошем, монеа ва мушкилоти ба таври сунъӣ эҷодшударо аз байн барем ва ҳамкории созандаву судмандро таъмин намоем.

Мо чунин мешуморем, ки танҳо чунин сатҳи ҳамкорӣ якҷоя бо сатҳи баланди эътимоду боварӣ метавонад рушди зарурӣ ва зиндагии шоистаи мардумони моро таъмин намояд.

Самти дигари муҳими стратегияи дарозмуддати минтақавӣ ва байналхалқии мо вусъат бахшидан ба равобиту ҳамкории васеъ ва пайгирона рушдёбанда бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамҷавор, бахусус Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо тамоми кишварҳои мусулмонӣ ва умуман Осиё аст, ки он бояд дар таъмини фазои хуби эътимод ва ҳамкориҳои дӯстона мусоидати фаъол намояд.

Дар ин росто мо чунин меҳисобем, ки таъмини низоми босуботи амният ва ҳамкорӣ дар Осиё - ин қитъаи бузургтарини ҷаҳон бояд ҳадафи бузурги муштараки давлатҳои Осиё бошад.

Бахши муҳими сиёсати хориҷии мо ҳамчунон ширкати васеъ ва созанда дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, қабл аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар институтҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.

Дар айни замон зарур аст, ки ҳамкории мо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахусус Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду тараққиёт, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалии молиявӣ густариши бештар пайдо карда, ба пешрафти сохторҳои иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ ба тараққиёти Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.

Дар маҷмӯъ мо вазифадорем бо сиёсати ниҳоят санҷида, мутавозин ва созандаи хориҷӣ манфиатҳои миллии худро дар ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввул таъмин намуда, ба мақоми шоиста ва сазовори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар низоми нави ҷаҳонӣ комёб шавем. Ин ҳадафи ҷорӣ ва дарозмуддати стратегияи миллии мост.

Ҳамватанони азиз!

Ман чун як фарзанди миллат аз рӯзҳои аввали фаъолиятам дар маснади олии Сарвари давлат ва Президенти мамлакат аз дастгириву пуштибонии халқ ва азму иродаи хайрхоҳонаи мардуми кишвар нерӯву мадори тоза гирифта, бо мадади рӯҳи бузургони гузашта ва дуои неки мӯйсафедон мушкилоти гарони иҷтимоиву иқтисодӣ ва муборизаҳои шадиди сиёсиро паси сар мекардам.

Маҳз азму иродаи қавӣ ва ҷонибдории беғазаронаи шумо буд, ки мо дар тӯли понздаҳ соли истиқлолият на танҳо оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки сарҷамъии миллатро таъмин намуда, пойдевори давлату давлатдории мустақилро гузоштем ва бо дарки масъулияти таърихӣ сулҳу ризоият ва ваҳдати шикастнопазири миллиро фароҳам оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардем.

Маҳз кору пайкори бардавом, саъю талоши пайгирона ва меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи шумо буд, ки мо аз касодии иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсии дохилӣ раҳо ёфта, ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори иқтисодӣ ворид шудем ва роҳи ободониву созандагиро пеш гирифтем.

Мову шумо бо тақозои давр сӯи ҷомеаи адолатноки шаҳрвандӣ қадам ниҳода, низоми муассири ҳифзи иҷтимоиро эҷод намудем, ки фарогири манфиатҳои ҳар фарди мӯҳтоҷ ва ниёзманд аст. Гузашта аз ин, барои рушди рӯзафзуни илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу маънавиёт, суннату анъанаҳои писандида ва арзишҳои гуногуни миллӣ фазои мусоид фароҳам овардем.

Имрӯз рисолати бузургу пурифтихори савгандёдкунӣ ва бовариву эътимоди интихобкунандагон маро водор месозад, ки дар ҳафт соли оянда боз ба хиради азалӣ, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии беғаразонаи халқи азизам такя намоям.

Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520