Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним

15.05.2016 14:53, Кувайт

Имрӯз дар шаҳри Ал-Кувайт мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор шуд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Мо ҳамкории судманди байнипарлумониро ҳамчун рукни таркибии раванди таҳкими равобити умумии дуҷониба ва таъмини манфиатҳоямон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ медонем”,-таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳарду ҷониб аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки равобити муосири сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт марҳила ба марҳила сатҳ ва мазмуни воқеӣ касб карда, ҳамкории байнипарлумонӣ қисми муҳим ва таркибии муносибатҳои сиёсии дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

Дар мулоқот ба нақши парлумонҳои ҳарду кишвар дар таҳкими равобити дӯстона баҳои воқеӣ дода шуда, барои дар оянда боз ҳам фаъолтар кардани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

Зимни суҳбати самимӣ ва дӯстона ҳарду ҷониб ҳамзамон доир ба хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва мусоидат ба раванди таъмини амнияту суботи кишвари Афғонистон табодули афкор намуданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520