Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

25.05.2016 16:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз ниятҳои неки роҳбарияти сатҳи олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин қадршиносию таваҷҷуҳи бесобиқа дар оянда ба тавсеа ва рушди робитаю муштаракоти безаволу таърихии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳанд кард.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ва созанда ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла тавофуқоти таъсиси Кумитаи муштараки дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, рушду густариши ҳамкории баманфиат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маърифат ва фарҳанг, хусусан фаъолгардонии кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо бо таъкиди муҳимияти иқдомҳои башардӯстона аз дастгирию кӯмакҳои фаврии ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ ва идомаи ин тадбирҳои хайрхоҳона аз ҷониби Маркази байналмилалии кӯмакҳои инсондӯстонаи Шоҳ Салмон ёдовар шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба тавсеаи робитаҳои созандаи миёни кишварҳо, рушди босуботи ҳамкорӣ, аз натиҷаҳои самарабахши сафарҳо ба сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ изҳори қаноат намуд.

Робитаҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба ба ҳайси як унсури таркибии маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо басо муҳим арзёбӣ гардид.

Мавзӯи дигари суҳбат адои маносики ҳаҷ ва умра аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зоирини тоҷик изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ҷиноятҳои ба дини поки ислом иснодоваранда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520