Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба сарони давлатҳои Эрон, Покистон, Туркия, Индонезия, Малайзия, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб

31.01.2004 14:00, шаҳри Душанбе

31 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди қурбон ба унвони сарони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Покистон, Туркия, Индонезия, Малайзия, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб ва мамлакатҳои дигари исломӣ номаҳои шодбош фиристод.

Ба муносибати Иди Қурбон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарони бисёр давлатҳо табрик намуданд. Аз ҷумла, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Туркия Аҳмад Наҷоти Сезар, Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов, Султони Уммон Қобус ибни Саид, Президенти Яман Алӣ Абдуллои Солеҳ, Муншии умумии Созмони конфронси исломӣ ва ғайра номаҳои шодбош расиданд. Дар Барқияи шодбошии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш гуфта мешавад:

«Ҷаноби мӯҳтарам Президент, Шумо ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати Иди Қурбон аз номи мардуми Амрико табрик менамоям. Зимни таҷлили ин иди мусулмонони ҷаҳон хотираи қурбониёнро пос дошта, ба саҳми Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва таъмини амнияти Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳам. Хеле фараҳмандам, ки Тоҷикистон дӯсти Амрико буда, барои таъмини мустақилият, ободӣ, ҷорӣ кардани принсипҳои демократия ва озодӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мо ҳамкорӣ мекунад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520