Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Ҳотамӣ

19.02.2004 14:00, шаҳри Душанбе

19 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби садамаи қатора дар музофоти Хуросон, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ба номи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Ҳотамӣ барқияи ҳамдардӣ фиристод.

Дар он  Сарвари давлат ҳамдардӣ ва тассалиёти самимии худро ба мардуми дӯсти Эрон расонида, ба бозмондагон ва наздикони қурбоншудагон аз Худованди мутаъол сабри ҷамил хостааст.

Дар ин рӯзи фоҷиабор, — гуфта мешавад дар барқияи Президенти Тоҷикистон, — ҳамаи фикру зикри мардуми Тоҷикистон бо миллати Эрон аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520