9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев ва раиси ноҳияи Восеъ Алимурод Тағоймуродов сӯҳбати телефонӣ дошт.
Мавзӯъи сӯҳбат асосан масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, ободонӣ ва рафти иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди корҳои саҳроӣ, тақсими замин ба аҳолӣ ва истифодаи самароноки он, расонидани сӯзишворию нуриҳои минералӣ, ҷараёни соҳилмустаҳкамкуниро аз муҳимтарин вазифаҳои масъулин арзёбӣ намуда, онҳоро ба таъмини шароитҳои мусоиди пешбурди кори кишоварзон вазифадор кард. Сарвари давлат афзуд, ки ташкили дурусти марҳилаи кишту кори баҳорӣ омили асосии фаровонҳосилӣ, натиҷаҳои бобарори заҳмати кишоварзон ва ғанӣ гардидани бозори дохилӣ хоҳад буд, аз ин рӯ дар ин рӯзҳои баҳорӣ бояд аз тамоми имконияту захираҳо самарабахш истифода намуд.
Роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон инчунин бобати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни миллии Наврӯз вазифадор гардиданд.