Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

15.03.2004 10:00, шаҳри Душанбе

15 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба шарафи пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Федератсияи Россия барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Пирӯзии боварибахш дар интихобот шаҳодати дурустии сиёсати пешгирифта таҳти роҳбарии Шумост, ки ба некӯаҳволии Россияи демократӣ ва татбиқи иқтидори бузурги кишвар дар бобати рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори комили инкишофи рузафзуни муносиботи миёни кишварҳоямон, ки бо робитаҳои дӯстонаи таърихӣ алоқаманд мебошанд, мешиносанд.

Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои бисёрсоҳаи амиқи Тоҷикистону Россия, ки ҷавобгӯи манфиатҳои асосии халқҳои мо мебошанд, дар заминаи қоидаҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои ду мамлакат  тараққиёти наву босуръат пайдо мекунанд".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520