30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба силсилаи амалиёти террористӣ дар Ӯзбекистон ба унвони Президенти ин мамлакат Ислом Каримов барқия фиристод. Дар барқия аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
«Аз хабари анҷом додани амалиёти террористӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сахт андӯҳгин шудам, ки сабаби ҳалокати одамони бегуноҳ гардидаанд.
Тоҷикистон чунин амалиёти ғайриинсониро қатъан маҳкум намуда, ҷидду ҷаҳди ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб равона шударо қотеъона дастгирӣ мекунад.
Аз Шумо, Ислом Абдуғаниевич хоҳишмандам, ки ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокгардида ва осебдида расонед. Мо ба ғаму андӯҳи онҳо шарикем».