30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди миллии Нидерландия ба унвони маликаи он Биатрикс барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Шуморо ба муносибати Иди миллии мамлакататон бо камоли хушнудӣ ва фараҳмандӣ табрик менамоям.
Шуморо дилпур хоҳам кард, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам барои равнақу ривоҷи ҳамкориҳои давлатҳоямон тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо ва мардуми мамлакататон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».