Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи бардоштани татбиқи ҷазои қатл» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

07.05.2004 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 7 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи бардоштани татбиқи ҷазои қатл» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи махсус дорад.

Бо назардошти ҳамин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи ҷазои қатл дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли ҷорӣ моратория эълон гардид, ки он зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» - ро ба миён овардааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба муҳофизат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба меъёрҳои башардӯстона мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гаштани лоиҳаи ин санади муҳими ҳуқуқӣ бори дигар шаҳодати равшани сиёсати одилона ва башардӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520