Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Рогендра Абянкар

08.05.2004 14:00, шаҳри Душанбе

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Рогендра Абянкар мулоқот намуд.

Дар мулоқот муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамои робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон ва дигар масоили минтақавӣ баррасӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба манфиатдор мебошад, зеро ин омили муҳими амнияти минтақа мебошад.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки алҳол миёни ду кишвари дӯсту бародар заминаи устувори қарордодию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба инкишофи робитаҳо дар соҳаҳои низомӣ, тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос дар макотиби олии ҳар ду мамлакат ва дар бахшҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки ҳанӯз имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкорӣ хеле зиёданд. Ба хусус, дар ҷодаи рушди сайру саёҳат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, азхудкунии захираҳои зеризаминӣ, истеҳсоли маснуоти сохтмонӣ, ҷиҳози хона, маҳсулоти чармӣ ва тиббӣ дурнамои робитаҳо самарабахш мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки сафари расмии Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вусъати робитаҳои иқтисодӣ такони нав бахшид. Мо боварии комил дорем, ки мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, аз ҷумла дар самти робитаҳои нақлиётӣ ва роҳсозӣ натиҷаҳои бобарор хоҳанд овард, - тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар бораи дигар масъалаҳои фарогири муносибати байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон, саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии давлати Афғонистон, дарёфти роҳҳои нави мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризми байналмилалӣ, инчунин таҳкими амнияту суботи минтақа табодули афкор намуданд. Мулоқот дар фазои самимӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520