Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Якумин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

12.05.2004 11:00, Покистон

Сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф 12 майи соли 2004 ба вуқӯъ пайваст, идомаи мантиқии муколамаи роҳбарони олимақоми ҳар ду кишвари дӯсту бародар ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва илмию фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Исломобод аз рӯи муқаррароти расмии ин кишвар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хуршед Маҳмуд Касурӣ ва вазири саноати нафту гази Ҷумҳурии Исломии Покистон Чоудри Наврӯз Шакур истиқбол намуданд. Маросими истиқбол дар фурудгоҳ ба фарогирии расму анъаноти миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле пуршукӯҳу хотирмон ҷараён гирифт.

Мувофиқи анъанаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қасри Президентии «Айвони Садр» нимаи дуюми ҳамин рӯз баргузор гардид. Дар даромадгоҳи қаср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф ва сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Мир Зафаруллохон Ҷамолӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Айвони Садр бо шукуҳи хоса оро ёфта, маросими расмии истиқбол бо фарогирии хусусиятҳои хоси мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон дар руҳияи баланди эҳтирому қадрдонӣ аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Сардори низомиёни фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Сипас сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори низомиёни фахрӣ гузашта, сарони ҳарду кишвар бо ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду ҷониб шинос гардиданд.

Дар сафари аввалини давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Халифабобо Ҳамидов, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ҳамроҳӣ намуданд.

Дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф муҳимтарин масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф мулоқоти ҳайатҳои пурраи ҳукуматӣ ҷараён гирифт.

Муколамаи муназзами сиёсӣ бахусус дар сатҳи олӣ василаи муҳимми густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Покистон қарор гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои олам вазифаи сиёсати хориҷии худро дар фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳким ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти мамлакат медонад, тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ин сиёсат ба принсипу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар асос ёфта, аз тариқи амалияи бисёрсамта ва гуногунҷабҳа, тариқи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баробарҳуқуқ татбиқ карда мешавад. Аз ин ҷиҳат, бо назардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳо қабл аз ҳама бо кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷии мо мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Қобили зикри хос аст, ки дар солҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон душвори низои дохилӣ Покистон барои раванди музокироти сулҳ ва таъмини ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мусоидати боарзиш намуд. Дар марҳалаи кунунӣ бар асари тағйирот ва таҳаввулоте, ки дар арсаи байналмилалӣ рӯй доданд, робитаҳо такон ва нерӯи тоза касб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф изҳор доштанд, ки сатҳ ва мазмуни равобит дар ҷаҳони имрӯз аз чаҳорчӯба ва мундариҷаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ вобастагии зич дорад, ки заминаи мусоиди рушди онҳо фароҳам гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи созандагиро муваффақона амалӣ сохта, инкишофи босуръати соҳаҳои асосии иқтисоди миллиро таъмин намуд.

Дар мулоқот зикр ёфт, ки Тоҷикистон бозори мусоиди молҳои Покистон аст ва ҳамзамон молҳои зиёди содиротӣ дорад, ки талабот ба онҳо дар минтақа ва бозори ҷаҳонӣ зиёд аст. Ҳамчунин ифтитоҳи гузаргоҳи Қулма ва пайванди доимӣ ба шоҳроҳи Қароқурум ба ҳамкориҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Самти муҳимтар ва аслан афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба бояд ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаҳои асосӣ, бахусус соҳаи энергетика бошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузург ва ниҳоят арзони гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи онҳо метавонад омили муҳими рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҳатто пешрафти минтақа гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ расонд, ки бо талоши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаи ташкили консортсиуми байналмилалӣ барои анҷоми сохмони нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда ҳалли ниҳоӣ ёфт ва кори амалии он ба наздикӣ оғоз хоҳад шуд.

Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Исломии Покистон қодир аст ташаббускори ташкили консортсиуми байналмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи бузургтар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар – нерӯгоҳи Роғун гардад.

Қобили таъкид аст, ки шароити татбиқи амалии он фароҳам гардидааст. Қисмати муҳими корҳо анҷом гирифтааст. Мутахассисони соҳибтаҷриба ва нерӯи арзони корӣ мавҷуд аст. Кишварҳои зиёди минтақа (қабл аз ҳама, Афғонистон, Осиёи Миёна) ба нерӯи арзони барқи он ниёзманданд. Табиист, ки Покистон метавонад нерӯи зарурии барқи арзонро дастрас ва истифода намояд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи муваққатии худ ба маркази шаҳри Исломобод равон гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520