Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Чодри Муҳаммад Ҳусайн

12.05.2004 13:00, Покистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо раиси ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Чодри Муҳаммад Ҳусайн, ки нимаи аввали ҳамин рӯз барпо гашт, ривоҷи муносиботи дуҷонибаро асоси хоҳишу манфиатҳои халқҳои Тоҷикистону Покистон арзёбӣ кард.

Ин мулоқот далели тавсеа ва таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар, ҳамкории мутақобилан судманд бо Покистон, муайянсози самтҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ, қисми таркибӣ ва муҳими ҳамкориҳои байнипарламентӣ мебошад.

Сохтору мазмуни фаъолияти Парламенти Тоҷикистон бо Парламенти Покистон шабоҳати муайян дорад. Ба пиндори ман, парламентҳои ду кишвар метавонанд дар густариш ва таҳкими равобити минтақавӣ ва таъмини тадриҷии фазои мусоиди ҳуқуқӣ – қонунгузорӣ саҳми фаъол дошта бошанд,-зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон. Чунин фазо бахусус барои рушди равобити иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ниҳоят зарурист. Ташвиқ ва танзими фаъолияти инвеститсионӣ, бунёди коргоҳҳо ва объектҳои бузурги фоидаовар, шабакаҳои инфраструктурӣ, ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ бояд аз самтҳои муҳими фаъолиятҳои парламентҳо бошад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар шароите, ки минтақа ва ҷаҳон бо ду хатари ҷиддӣ — терроризми глобалӣ ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба рӯ мебошад, парламентҳои минтақа ҳамчун мақомоти намояндагии мардум вазифадоранд иқдомоти санҷидаро дар ин самт татбиқ намоянд. Табиист, ки иқдоми заруритарин таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди дигари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар мавриди мубориза бо ин хатароти ҷиддии рӯз аст.

Раиси ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Чодри Муҳаммад Ҳусайн ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияту суботи минтақа баҳои баланд дода, дар шароити душвори иқтисодӣ таъсиси Парламенти касбии Тоҷикистонро ифодаи устувори роҳи демократикунонии ҷомеаи тоҷикон номид.

Чодри Муҳаммад Ҳусайн рушди робитаҳои байнипарлумониро омили муҳимми таҳкими ҳамкориҳо арз дошта, даъвати Сарвари давлати Тоҷикистонро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ пазируфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520