Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо профессор Аҳмад Ҳасани Донӣ

13.05.2004 09:00, Покистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали рӯзи 13.05.04 бо профессор Аҳмад Ҳасани Донӣ, ки дар ҳамкориҳои илмию фарҳангии дуҷониба нақши муассир дорад, мулоқот намуд.

Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо пайравӣ аз суннатҳои волои ниёгон мо ба баланд бурдани сатҳи маърифатии мардум, бахусус, ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мекунем. Мо соли 2006-ро соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон доштем ва барои таҷлили шоистаи он омодагии ҳамаҷониба мебинем.

Профессор Аҳмад Ҳасани Донӣ ин иқдоми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳадафи аслии он худшиносӣ ва худогоҳии солими таърихии мардум аст, ифодаи олитарини шинохти илмии давлатдории миллӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ ва фарҳангӣ, равобити дерин ва судманди таърихӣ номид, ки ба эҳёи равобити мардумони кишварҳои ориёитабор, ки тақрибан 1 миллиарду дусад миллион нафар мебошанд, мусоидат хоҳад намуд.

Доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Анҷумани тоҷикону форсизабонон ва ҷашни 80 - солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе андешаҳои ҷолиб баён гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520