Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Покистон Мир Зафаруллохон Ҷамолӣ

13.05.2004 13:00, Покистон

13 май Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Покистон Мир Зафаруллохон Ҷамолӣ вохӯрӣ кард.

Ин мулоқот шаҳодати равшани рушди муносибатҳои дуҷониба ва талоши муштарак барои таҳким ва густариши бештари онҳо мебошад. Ҳамсӯҳбатон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳарду кишвар заминаи васеи ҳуқуқӣ доранд ва комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ низ амал мекунад.

Дар гузашта монеаи асосӣ вазъи бӯҳронии Афғонистон буд ва хушбахтона ин монеа асосан рафъ гардид. Зиёда аз он, дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд, ки ба рушди босуръати муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодии мо мусоидат хоҳанд кард. Сохтмони пули стратегӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва пулҳои дигар ҷараён дорад.

Ҳамзамон сохтмони шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум муваффақона анҷом мегирад ва ба зудӣ ба шоҳроҳи муҳим ва стратегии байналмилалӣ табдил ёфта,  аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратӣ хоҳад дошт. Ин имкони онро муяссар месозад, ки Покистон бо роҳи кӯтоҳтарин ва бо арзиши камтарин молҳои тиҷоратии худро ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва ҳатто Русия интиқол диҳад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Мир Зафаруллохон Ҷамолӣ Тоҷикистон таърихан бо манотиқи шимолӣ ва шимолу ғарбии Покистон равобити наздики тиҷоратӣ дошт ва ҳоло имконоти зарурии ҳамкории бунёдии иқтисодӣ фароҳам гардидаанд.

Мусоҳибон баён доштанд, ки Тоҷикистон ва Покистон ба ҳамкорӣ ва равобити наздик дар сатҳи минтақа манфиатдор ва ҷонибдори таъмини сулҳу суботи пойдор, фазои эътимоду боварӣ, ҳамкории васеъ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошанд. Хатари асосӣ ва ҷиддӣ дар ин роҳ дар фаъолияти харобгаронаи гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир маънидод гардид.

Аз ин рӯ, ҷонибҳо муборизаи усулӣ ва пайгири кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро амри зарурӣ шумориданд. Дар ин самт пешниҳод шуд, ки шарикӣ ва ҳамёрии амалии глобалӣ таъмин гардад.

Тарафҳо талоши Давлати Интиқолии Исломии Афғонистонро барои таҳкими идораи давлатӣ, созмондиҳии маъракаҳои муҳимми сиёсии оянда ва бозсозии кишвар пурарзиш баҳо дода, афзуданд, ки кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама ҳамсоягони наздиктарин бояд ба Афғонистон мусоидати фаъол ва хайрхоҳона намоянд.

Онҳо метавонанд дар бозсозии ин кишвар саҳми шоиста бигиранд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст дар мавсими тобистон ба Афғонистон беш аз 1 миллиард киловатт барқ содир намояд. Ҳамчунин содироти чунин маводи зарурии ин кишвар аз қабили масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, нуриҳои маъданӣ, намак, ашёи хоми дигар имконпазир аст.

Сохтмони шоҳроҳи нави абрешим ва пулҳо барои Афғонистон аҳамияти ниҳоят бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои нерӯи бузурги илмӣ, интеллектуалӣ ва фарҳангӣ метавонад дар эҳёи низоми маориф ва тандурустӣ дар Афғонистон саҳми боарзиш дошта бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст шумораи зиёди олимон, устодони донишгоҳҳо ва табибонро ба ин кишвар фиристад.

Сипас маросими имзои созишномаҳои байнидавлатии миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт. Ҳамин тариқ, Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои боздиди давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таърихи 12-14 майи соли 2004; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи омаду рафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад; Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф; Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба тасвиб расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520