Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Нахуствазири музофоти Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Илоҳӣ

13.05.2004 17:00, Покистон

Нимаи дуюми рӯзи 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатию тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Лоҳур омад.

Дар ин ҷо мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон бо Нахуствазири музофоти Панҷоб Парвиз Илоҳӣ баргузор гардид.

Панҷоб ҳамчун музофоти бузург ва пешрафтаи кишвари Покистон дар густариши муносибатҳои дуҷониба саҳми шоиста дошта, захираҳо ва имконоти васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, инфраструктура ва кишоварзӣ мавҷуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Панҷоб равобити дерини таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Дар даврони гуногуни таърих дар мулки Панҷоб ва қабл аз ҳама шаҳри таърихӣ ва зебои Лоҳур шахсиятҳои бузурги маънавӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ фаъолият намудаанд, ки барои кишвари мо ошно ва соҳибэҳтироманд.

Маҳбубияти шоир ва мутафаккири барҷаста аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки оромгоҳи ӯ дар ин шаҳри зебо зиёратгоҳи хосу ом  аст, дар минтақа беназиру нотакрор  мебошад.

Дар Тоҷикистон ашъор ва осори илмии ӯ нашр гардида, таҳқиқоти доманадори илмӣ дар бораи ашъор ва афкори гаронмояи ӯ анҷом гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Парвиз Илоҳӣ таъкид сохтанд, ки олимону фарҳангиёни ду кишвар   метавонанд дар эҳё ва густариши равобит ва ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ саҳми шоиста гиранд.

Шаҳри таърихӣ ва зебои Лоҳур муддати расо 10 сол бародаршаҳри пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қарор гирифта, ин ду шаҳр метавонанд бо густариши ҳамкории фаъол ва созанда дар рушди умумии равобити дуҷониба саҳми шоиста дошта бошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520