Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ

24.05.2004 11:00, шаҳри Душанбе

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ номаи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

«Ба муносибати ба мансаби олии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон таъин шуданатон табрику таҳнияти маро қабул фармоед.

Тоҷикистон муносибатҳои ҳамкориро бо Ҳиндустон, ки на фақат ба манфиати миллии ҳар ду мамлакат мувофиқанд, балки омили муҳими сулҳу оромии минтақа низ мебошанд, хеле қадр мекунад. Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустонро ба манзури рушду тараққии мамлакатҳо ва беҳбудии халқҳоямон минбаъд ҳам таҳким бахшем.

Аминам, ҳамкории зичу ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми якдигар ва ба назар гирифтани манфиати ҳар ду давлат боз ҳам рушду густариш меёбанд.

Иҷозат диҳед ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, тансиҳатию барори кор ва ба халқи дӯсти ҳинду сулҳу шукуфоӣ таманно намоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520