Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ

28.05.2004 19:00, Қазоқистон

28 май дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Сарони давлатҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, ҷараёни иҷрои паймонҳои сарони давлатҳои узви созмон, ки дар рафти мулоқоти моҳи июли соли 2003 дар Алмаато ба даст омада буданд, нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, ҳамчунин изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Созишномаи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ дар бораи дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамдигар пахш намудани барномаҳои телевизиону радио ва масъалаҳои ташкилиро муҳокима намуданд.

Иштирокчиёни мулоқот проблемаҳои муҳимтарини минтақа ва баъзе масъалаҳои байналхалқиро бо мароқи калон ва ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъалаи асосии мулоқот проблемаҳои марбут ба таъмини амният, ҷиҳатҳои гуногуни он ва вазифаҳои Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ барои ҳалли ин масъала буд. Зимни мулоқот вазифаҳои умдаи ҳар давлати узви созмон дар бобати ҳалли ин проблема муайян карда шуданд.

Сарони давлатҳо дар ин хусус ҳамақида буданд, ки терроризми байналхалқӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор мисли пештара ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон таҳдид менамояд. Қайд карда шуд, ки ин зуҳуроти номатлуб ба ҳамдигар бевосита алоқаманданд. Дар замина зарурати тақвият додани фаъолияти сохторҳои зиддитеррористӣ бо назардошти равнақу ривоҷи ҳамкории минтақавӣ таъкид карда шуд.

Сарони давлатҳо изҳори ташвиши ҷиддӣ намуданд, ки ҳаҷми гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор на танҳо кам нагардид, балки баръакс торафт бештар мегардад. Онҳо ҷанбаҳои гуногуни ин масъала, аз ҷумла хусусият ва душвориҳои вазъияти сиёсии Афғонистонро баррасӣ намуда, зарурати муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳдашонро дар мубориза ба муқобили ин бадбахтии асри нав таъкид намуданд.

Ба ақидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва таърихии ин таҳдидҳои имрӯза нисбат ба онҳо муносибати умумӣ доштан зарур аст, ки ҳамаи ҷанбаҳо ва тарафҳои ин зуҳуротро, хусусан сабабҳо ва шароити иҷтимоии онҳоро ба инобат гирифта тавонанд. Тоҷикистон дар ин робита бори дигар зарурати таҳия ва амалӣ сохтани барномаи минтақавии мубориза ба муқобили камбизоатиро таъкид менамояд.

Ба ақидаи сарони давлатҳо, ҳалли муваффақонаи проблемаҳои амният аз бисёр ҷиҳат ба равнақу ривоҷ ва вусъати ҳамкории минтақавӣ, хусусан дар соҳаи иқтисодиёт вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки захираҳои бузурги ҳамкории мутақобилан муфид, хусусан дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатбахш – соҳаи обу энергетика ба қадри кофӣ истифода бурда намешавад.

Сарони ҳар давлати узви созмон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо сухан карданд. Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ташкили чунин мулоқоти муфиду самарабахш ва меҳмоннавозии самимонаи ӯ изҳори сипос намуд.

«Мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки дар минтақа ва саросари ҷаҳон рӯйдодҳои мураккаб ва мухталиф ҷараён доранд. Онҳо дар назди давлатҳои минтақа вазифаҳои ғайримуқаррарӣ ва душворро ба миён мегузоранд. Сулҳу субот ва ободии мамлакатҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли муваффақонаи ҳамин проблемаҳо вобаста мебошад. Мо аз он фараҳмандем, ки дар минтақаи мо афзалияти амалӣ сохтани тадбирҳои стратегии муштарак ва ҳамоҳангшудаи мубориза ба муқобили чунин таҳдидҳои хавфнок, аз ҷумла терроризми байналхалқӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, моҷароҷӯӣ ва ғайра ба хубӣ дарк карда мешавад», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Қайд карда шуд, ки ин зуҳурот аз бисёр ҷиҳат бо бадбахтии дигари асосии рӯзгори мо-терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор бевосита алоқаманд мебошад. Мутаассифона, гуфт Сардори давлати Тоҷикистон, бо вуҷуди ба эътидол омадани вазъияти Афғонистон ва мустаҳкам гардидани ҳокимияти қонунии он ҳаҷми истеҳсол, коркард ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар ин мамлакат на танҳо кам нашуд, балки хеле афзуд. Ҳаминаш умедворкунанда мебошад, ки ҳукумати муваққатии Афғонистон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб ҷиҳод эълон кардааст, Ҳиндустон ва Покистон зарурати ҳамкориро ба муқобили хариду фурӯши қайриқонунии маводи нашъадор таъкид намуданд.

- Ба ақидаи мо, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, - барои ба роҳ андохтани ҳамкории доманадори минтақавӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба муқобили ин бадбахтии умумибашарӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати таҳия ва амалӣ сохтани барномаи умумии стратегии мубориза ба муқобили қашшоқӣ ва камбизоатӣ дар доираи минтақа таъкид гардид. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар иҷрои ин барнома созмонҳо ва муассисаҳои байналхалқӣ кӯмак расонида метавонанд. Самаранокии мубориза ба муқобили таҳдидҳои умумибашарӣ ва таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ба ҳаҷм ва дараҷаи ҳамкории иқтисодии давлатҳоямон бевосита алоқаманд аст, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Қайд карда шуд, ки принсипҳо, меъёрҳо ва шартҳои роҳу усулҳои гуногуни ҳамгироиро ба ҳисоб гирифтан  ва дар амал татбиқ намудан зарур аст. Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо қатъан исбот менамояд, ки пеш аз ҳама бояд масъалаҳои ҳамлу нақли озоди  сармоя, мол, хизмат ва қувваи корӣ ҳал карда шавад.

- Дар ин робита, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, - мо бояд пеш аз ҳама монеаҳои сунъии ғайрииқтисодӣ ва ғайрибозоргониро бартараф намуда, муносибатҳои мутақобила ва тартиби кори мақомоти андозу гумрукро ҳамоҳанг ва осонтар намуда, барои ҳамкории васеъу мутақобилан муфиди корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, саҳҳомӣ ва хусусӣ шароити мусоид муҳайё созем. Мо бояд дар роҳи ташкили бозори умумии минтақавӣ қадамҳои нав гузорем, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, хусусан бо роҳи ташкили мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмию эҷодкор, рӯзҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо ва ҷамъомадҳои дигар таъкид карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита зикр намуд, ки мо ба роҳ андохтани равобит ва алоқаи мустақими халқҳоямонро зарур мешуморем. Онҳо ҳамсояҳои наздиктарин ва хайрхоҳи ҳамдигар буданд ва бояд ҳамин тавр боқӣ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки барои муборизаи муваффақона ва самарабахш ба муқобили таҳдидҳои умумибашарӣ ва зуҳуроти дигари замони ҳозира сафарбар намудани тамоми имкониятҳо зарур мебошад. Ба қавли ӯ нигоҳ доштан ва такмил додани анъанаҳои таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ба якдигар дасти ёрӣ дароз кардани халқҳои минтақа хеле муҳиманд. Мо тарафдори равобит ва муносибатҳои бемонеа, бевосита ва ҳамаҷонибаи халқҳоямон мебошем, зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкориро дар доираи минтақа ҳамаҷониба муҳокима карда, роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини байналхалқию минтақавӣ бо назардошти принсипҳои дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар табодули назар намуда, чунин азҳор намуданд:

Сарони давлатҳо густариши ҳамкориро дар доираи Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ таъкид карда, изҳор менамоянд, ки ба минбаъд ташаккул додани равандҳои ҳамгироӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкории минтақавӣ бо истифодаи таҷрибаи андӯхташуда ва бо назардошти воқеияти имрӯза ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки ривоҷ додани ҳамкории доманадори тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятнок мебошад. Сарони давлатҳо ба рафти иҷрои паймонҳои бадастомада дар бобати муқаррар намудани барномаи таъсиси консорсиумҳои обу энергетика, озуқа ва нақлиёт баҳои мусбат доданд.

Онҳо таъкид карданд, ки созишномаи дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои узви созмон баимзорасида дар бораи пахши барномаҳои телевизион ва радио дар қаламрави мамлакатҳои ҳамдигар натиҷаи амалии ҳамкории торафт равнақу ривоҷёбандаи байнидавлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ мебошад.

Иштирокчиёни мулоқот аз хусусияти муттасил пайдо намудани равобити байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба натиҷаҳои мулоқоти дуюми моҳи майи соли 2004 дар Алмаато баргузоршудаи аъзои парлумонҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ баҳои баланд доданд. Тавре ки маълум аст, дар он масъалаҳои ба роҳ андохтан ва ривоҷ додани ҳамкории парлумонҳои мамлакатҳои минтақа, нақшаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва шаклҳои нави ҳамкории байнидавлатӣ муҳокима шуданд. Ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани сулҳу суботи минтақа мебошад.

Сарони давлатҳо аҳамияти калони қабули қарорро дар бораи таъсиси сохтори ҳамкории байнипарлумонӣ дар ҳар парлумони давлатҳои узви созмон таъкид карда, онро барои ба роҳ андохтани кори амалии ҳамоҳанг сохтани қонунҳои миллӣ бо мақсади мусоидат ба ҷараёни ҳамгироӣ иқдоми муҳим мешуморанд.

Сарони давлатҳо ба таъмини амният ва суботи вазъияти минтақа ва тамоми ҷаҳон аҳамияти калон дода, амалиёти таҷовузкорона, ҷудоиандоз ва терроризмро дар ҳамаи шаклу зуҳуроти онҳо маҳкум менамоянд, ки ба якпорчагии қаламрав ва амнияти давлатҳои онҳо таҳдид менамоянд. Онҳо азми қавӣ доранд, ки ҳамкориро чӣ дар доираи сохторҳои сиёсати берунӣ ва чӣ мақомоти муҳофизи тартиботу қонун ва хадамоти махсус ҳамаҷониба вусъат диҳанд.

Сарони давлатҳо махсус таъкид намуданд, ки таҳкими сулҳу суботи Афғонистон, ба роҳ андохтани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ин мамлакат ҷавобгӯи манфиатҳои кулли мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Тадбирҳои муштараки барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон дар бобати таъмини амнияти минтақа ва суботи вазъияти он саҳми калон мегузорад.

Дар маҷлиси сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ масъалаи ривоҷ додани ҳамгироии минтақавӣ ва ташкили бозори умумии минтақавӣ муҳокима карда шуд. Сарони давлатҳо пешниҳоди давра ба давра ташкил додани бозори умумии минтақаро дастгирӣ намуда, ба сохторҳои дахлдори мамлакатҳояшон супориш доданд, ки барномаи ташкили онро дар ояндаи наздик таҳия ва пешниҳод намоянд.

Сарони давлатҳо масъалаи ташкилиро низ муҳокима карданд. Онҳо дар бораи қабули Федератсияи Россия ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ якдилона қарор қабул карданд. Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ изҳори умед карданд, ки узвияти Россия дар созмон ба боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкории мамлакатҳо ва афзун гардондани обрӯю эътибори созмон мусоидат хоҳад кард.

Иштирокчиёни мулоқот дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки ба туфайли ҷидду ҷаҳди якҷоя сулҳу субот ва ободии минтақаро таъмин карда метавонанд.

Сарони давлатҳо аз натиҷаҳои мулоқоташон изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар рӯҳияи анъанавии дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва боварию эътимод ба ҳамдигар гузашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520