Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао

16.06.2004 11:00, Ӯзбекистон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.

Мусоҳибон бештар ба инкишофи муносиботи дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи созишномаҳои қаблан қабулгардида, вусъати робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар масоили фарогири амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон диққати асосӣ доданд.

Тарафҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки соли 2003 гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 400 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нишондиҳандаҳои 5 моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаришуда назаррасу афзоянда мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодию экологӣ иқдоми нек арзёбӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао ифтитоҳи роҳи Мурғоб - Кулмаро омили рушди равобити кулли мамолики минтақа, пайванди Аврупову Осиё маънидод намуданд.

Ҷонибҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳои ояндаи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ инчунин саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бо баррасии таклифу пешниҳодоти ба ҳар ду тараф манфиатнок ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар инкишофи робитаҳои дустонаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши муассир дорад,  дидан кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520