Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони вилояти Суғд

13.07.2004 14:00, шаҳри Хуҷанд

13 июл дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони вилоят масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2004-ро баррасӣ намуда, дастоварду проблемаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғдро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати беҳтар намудани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи далелҳои асоснок дастовардҳои меҳнатӣ, инчунин проблемаҳои мавҷуда ва омилҳои воқеии cар задани онҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор дод.

Барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар давоми ним сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст,- изҳор дошт Сарвари давлат.

Маблағҳои аз хазинаи эҳтиётии Президент ҷудошуда барои сохтмони мактаб дар ноҳияи Айнӣ, сохтмони бинои Ҳукумат, ободонии шаҳраки Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон ва сохтмони мактаб дар шаҳри Панҷакент равона гардиданд.

Ҳамзамон дар 6 моҳи соли 2004 аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони канал, хати интиқоли газ ва стансияи газтақсимкунӣ, болопӯш намудани се ҳафриёти мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм дар шаҳри Панҷакент 1 миллион сомонӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои оилаҳои камбизоат ҷиҳати пардохти хароҷоти қувваи барқу газ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда барои бунёди иншоотҳое, ки дар қаламрави вилояти Суғд аз тарафи вазорату идораҳои мамлакат сохта мешаванд, 8 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст,- афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар вилоят соҳаи саноат густариш меёбад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2002-ум 119 фоиз афзудааст, вале дар соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Бисёр хоҷагиҳо 10-15 сентнерӣ ғалла рӯёниданд, ки ҳосилнокии ниҳоят паст аст.

То моҳи июл бо сабабҳои номаълум дар муассисаҳои «Амонатбонк» боқӣ мондану ба нафақахӯрон дастрас нанамудани 120 ҳазор сомонӣ, дар нимсола 240 ҳазор сомонӣ кам ворид шудани маблағ ба буҷети вилоят, 10 миллион сомонҳ қарзи хазинаи ҳифзи иҷтимоии вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби рӯз аст, таъкид намуд зимни таҳлили хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар хатми мулоқот роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати анҷоми сохтмони туннели Анзоб то сентябри соли 2006, барқарорсозии системаи обтаъминкунии Хуҷанд дар муддати 2 сол, хати интиқоли қувваи барқи Конибодом-Бонкент то охири сол муваззаф гардиданд.

Бо мақсади дар оянда таъмин намудани тараққиёти ҳамаҷонибаи вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дод, ки имкониятҳои азхудкунии заминҳои нав ва обёрии онҳо, инчунин захираҳои истихроҷи нафту газро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, нақшаи дурнамои вилоятро таҳия ва тасдиқ намояд. Ҳамчунин барои таъмиру таҷдид ва барқарорсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд лоиҳаи инвеститсиониро таҳия карда, ҷиҳати маблағгузорӣ ба институтҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод намояд ва имкониятҳои истифодаи дарёи Зарафшонро ҷиҳати дар оянда бунёд кардани нерӯгоҳи барқи обӣ ва обёрӣ намудани заминҳои дашти Қизилӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳад. Бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти маъдани кӯҳӣ барномаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои давраи муайян таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати энергетика вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба сохтмони хати интиқоли қувваи барқи 500 киловаттаи Шимол-Ҷануб лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, ҷиҳати маблағгузорӣ ба институтҳои молиявӣ пешниҳод намоянд. Ба Вазорати энергетика супориш дода мешавад, ки таъмири асосии нерӯгоҳи барқи обии Қайроққумро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонад.

Раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, роҳбарони шаҳру навоҳии минтақа дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот ва дар сӯҳбати алоҳида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гузориш доданд. Сарвари  давлат ба онҳо бобати пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дастуру супоришҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520