Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат

04.06.2016 07:04, шаҳри Ваҳдат

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат омад.

Ваҳдат шаҳри маъмурии тобеи ҷумҳурӣ буда соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Аз соли 1936 то соли 1991 шаҳр номи Орҷоникидзеобод, аз соли 1993 то соли 2003 номи Кофарниҳон дошта дар соли 2003 номи Ваҳдатро гирифт.

Шаҳр дар масоҳати 3,7 ҳазор километри мураббаъ доман паҳн карда 324,2 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар масофаи начандон дур аз маркази ҷумҳурӣ қарор дошта дар баробари пайвандии худ бо пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе таввасути роҳи автомобилгард ҳамчунин бартарияти дигар дар масофаи 21 км робитаи доимии байнишаҳрӣ тавассути роҳи оҳан дорад.

Дараи зебоманзари Ромит ҳамчун шиносномаи шаҳри Ваҳдат маъмулу машҳур буда минтақаи туристӣ ва истироҳатӣ эълон шудааст. Ин мавзеи хушбоду ҳаво имрӯз ба макони истироҳату фароғат ва ҷойи дустдоштании садҳо сокини мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Ваҳдат шаҳри саноатию кишоварзӣ буда саноат яке аз соҳаҳои асосию манфиатбори шаҳр маҳсуб мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди ин соҳа дар шаҳр ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нақши муосир гузошта омили муҳими пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Дар шаҳр 71 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 41 корхона зиёд мебошад. Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997 11 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 77 миллиону 367 ҳазор сомонӣ баробар гардида дар муқоиса нисбат ба соли 1997-ум 66 миллиону 297 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 7 маротиба афзоиш ёфтааст.

Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат серсоҳа буда, дар онҳо пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ ва боғу токдорӣ тараққӣ кардааст. Дар шаҳр 15 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 8 кооперативи истеҳcолӣ ва зиёда аз 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и алоҳида арзи вуҷуд дошта майдони умумии заминҳои кишт 17587 гектарро ташкил менамоянд. Ҳар як сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нақши созгори худро мегузорад. Барои мисол ҳамин нуқта қобили таъкид кардан аст, ки соли 2000-ум дар тамоми шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба андозаи 18 ҳазору 959 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда буд ва дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 646 ҳазору 954 сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли 2000-ум 34,1 маротиба зиёд мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар бахшҳои алоҳидаи соҳа ба рушди моҳипарварӣ ҳамчун бахши афзалиятнок ва сердаромад таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои соҳаҳои дигар аз ҷумла сохтмон, нақлиёту алоқа, хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ пешрафт карда шароити зарурии рушду тараққиёти онҳо барои солҳои оянда фароҳам оварда шудааст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳр нисбат ба соли 1991 34 адад зиёд гардида имрӯз ҷамъан 151 ададро ташкил медиҳанд.

Дар 25 соли Истиқлолият шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷумла шифохонаҳо нисбат ба соли 1991-ум 44,4 фоиз, марказҳои саломатӣ 87,5 фоиз ва бунгоҳҳои тиббӣ 36,2 фоиз зиёд гардида аксарияти шифохонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо технологияҳои муосири замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафту тараққиёти шаҳр ҳамасола нақшаю барномаҳои муҳиму ояндасозро амалӣ карда барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Амали иҷрои қонунҳои мамлакат, амру фармонҳои Сарвари давлат ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба мақсад таъмин гардида нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии мардум давра ба давра боло меравад. Муҳимтар аз ҳама барои мардуми шаҳр чун тамоми дигар сокинони мамлакат дар интихоби роҳи зиндагӣ, пешбурди фаъолияти корӣ ва иҷрои муқарароти динию маҳзабӣ бартарият муҳайё карда шудааст.

Дар сиёсати ояндасози Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба рушду пешрафти ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъмини рушди бемайлони шаҳри Ваҳдат мақоми хосса дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат бо вуҷуди сарбории зиёди корӣ ҳамасола маротибаҳои зиёд ба шаҳри Ваҳдат сафар карда бо вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ҳар як давра бевосита шинос мешавад. Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат бо назардошти сафари кории навбатӣ 18 маротиба сафар карда барои таъмини ояндаи босаодати шаҳр ва рӯзгори ободу осоиштаи ҳар як сокини он талошҳои зиёд ба харҷ додааст.

Дар давраҳои нобасомони солҳои нахустини истиқлолият ин шаҳри овозадори мамлакат чун дигар минтақаҳо ба гирдоби фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ғутавар гардида ба шаҳри аз ҷиҳати амнияти хатарнок табдил ёфта буд. Дар ин шаҳр ҳар гуна нерӯҳои мухолиф ва гурӯҳҳои алоҳида ҳукумронӣ карда шаҳро ба мавзеи бедодию беадолатӣ табдил дода буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ватани ваҳдатофар табдил додани шаҳр кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода ҳаммаром ба ин ба тағйири номи он иқдом гирифт ва шаҳрро Ваҳдат номгузорӣ кард. Месазад гуфт, ки Ваҳдат номгузорӣ шудани шаҳр асосан аз ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Хурсандибахш аст, ки имрӯз дар партави сиёсати сулҳовари Сарвари давлат сокинони ин шаҳри ободу пешрафта дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати дастаҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта пеш бурда аз ободию шукуфоии ватани аҷдодии хеш ифтихормандӣ доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520