17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии халқи Индонезия ба унвони Президенти ин мамлакат Мегавати Сукаропутри барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта шудааст: -Хонуми улёҳазрат, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати рӯзи эълони Ҷумҳурии Индонезия қабул фармоед.
Бо камоли қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки тӯли солҳои охир дар муносибатҳои мамлакатҳоямон тамоили мусбати ривоҷ ёфтани ҳамкории дуҷониба мушоҳида мешавад.
Аминам, ки ба туфайли кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Индонезия бештар аз пештар равнақу ривоҷ меёбад.
Ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Индонезия сулҳу ободӣ орзу менамоям.