30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Қирғизистон Аскар Акаев номаи табрикӣ фиристод, ки дар он чунин гуфта мешавад: «Ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Шумо ва ба ҳамаи халқи қирғиз табрикоти қалбӣ ва орзуҳои самимонаро дар амри беҳбудию шукуфоӣ ирсол медорам.
Мо аз рушди босуръати ҳамкории муфиди Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат ва кулли халқҳои мо аст, хеле қаноатмандем. Мехоҳам изҳор намоям, ки мо азму иродаи қавӣ дорем, ки барои рушду ривоҷи минбаъдаи ҳамкориамон, таҳкими анъанаҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар, ки гузаштаи ғании таърихӣ доранд, ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем.
Мехоҳам аз воқеаи таърихӣ истифода намуда, ба Шумо Аскар Акаевич, саломатии бардавом ва муваффақиятҳо ва ба халқи қирғизи бародар сулҳу бурдборӣ орзу кунам».