30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Шоҳи Малайзия Роча Персила Туанку Саид Сироҷиддин Саид Путра Жамалулайл барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
«Ба муносибати Иди миллии мамлакати Шумо табрикоти самимонаи худро бо камоли қаноатмандии зиёд ирсол медорам.
Тоҷикистон, ки бо кишвари зебои Шумо фаъолона ҳамкорӣ дорад, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байни давлатҳоямон манфиатдор буда, тайёр аст, ки барои ривоҷу густариши ҳамкории муфиди Тоҷикистону Малайзия ҳамаи саъю кӯшишро ба харҷ диҳад.
Аз фурсат истифода карда ба Шумо, Аълоҳазрат, тансиҳативу муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Малайзия беҳбудӣ, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам.