Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасаллияти Пешвои миллат вобаста ба даргузашти Маҳкамов Қаҳҳор

08.06.2016 19:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз, 08 июни соли 2016, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 - солагӣ аз олам даргузашт.

Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои  пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.

Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.

Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520