Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Муҳаммад Хотамӣ аз қисмати ҷанубии нақби Анзоб

13.09.2004 12:00, ноҳияи Айнӣ

Иншооти дигари стратегӣ, ки дар ҳамдасти бо мутахассиони тоҷику эронӣ бунёд мешавад, ин роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Анзоб аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ зимни боздид аз қисмати  ҷанубии иншоот бо мутахассион сӯҳбат доштанд. Тавре таъкид ёфт, ҷараёни корҳо самаранок буда, алҳол 50 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Нақбканон ваъда доданд, ки то охири соли 2005 роҳро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қарордод аз 39 миллион доллари ИМА ҳаҷми маблағи сохтмон ҷониби Эрон 75 дарсади онро ба зима гирифта, 10 миллион доллари он тариқи грант-қарзи бебозгашт пешниҳод мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520