Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян

26.09.2004 14:00, шаҳри Душанбе

26 сентябр дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарянро, ки дар роҳи сафар ба Ҷумҳурии Мардуми Чин ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи мукаммали масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии миёни Тоҷикистону Арманистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тайи чанд соли охир, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - дар доираи муносиботи дутарафаи кишварҳоямон асосҳои устувори ҳуқуқию қарордодӣ гузошта шуданд, бахусус, баъди анҷоми сафари расмӣ ба Ереван ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мулоқоти тоҷирону доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардид, ки қадами муҳиме дар пешрафти робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Арманистон мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди татбиқи амалии созишномаҳои қаблан ба тасвибрасида, қабл аз ҳама, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Арманистон, ба сатҳи сифатан созандаю ҷавобгӯи талаботи талошу хоҳишҳои халқҳои ҳар ду мамлакат расонидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, воридоту содироти афзоянда, ҳавасмандии намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг, тавсеаи робитаҳои эҷодкорон ва дар маҷмӯъ ривоҷ бахшидани муносиботи дӯстонаи байни кишварҳо ҳамфикрии амиқу боварибахш баён доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян бо ифодаи назари неку боэътимод ба дурнамои муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон омода намудани ҳуҷҷатҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ва дарёфти роҳҳои афзалиятноки таҳкиму тавсеаи робитаҳоро амри саривақтию зарурӣ маънидод карданд.

Дар мулоқот ба мавзуоти фарогири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, дурнамои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар карда шуд.

Сӯҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт. Баъди анҷоми сафари кӯтоҳмуддати корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян аз шаҳри Душанбе ба Ҷумҳурии Мардуми Чин парвоз намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520