17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, ки ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
Алҳол дар ҷодаи робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳоямон захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва истифодаи мақсадноки онҳо ба содироту воридоти рӯзафзун, ташкили корхонаҳои нав мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави вусъати робитаҳои ба ҳар ду тараф судманд таклифҳои ҷолиб баён доштанд.