Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Наҷот Сезар

29.10.2004 09:00, шаҳри Душанбе

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Наҷот Сезар барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Шуморо бо муносибати солгарди Рӯзи эълон шудани Ҷумҳурии Туркия аз самими қалб муборакбод менамоям.

Тоҷикистон муносибатҳои дӯстиро бо Туркия, ки таърихи бисёрасра доранд, қадр мекунад. Мо боварӣ дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи миёни ҳар ду мамлакат, ки омили муҳимми сулҳу суботи минтақа мебошад, ба манфиати   халқҳоямон минбаъд ҳам рушду густариш меёбад. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ҳамаи соҳаҳо тамоми чораҳои заруриро мебинад.

Иҷозат диҳед ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии бардавом ва дастовардҳои нав дар мансаби масъулиятнокатон ва ба халқи турк беҳбудиву шукуфоӣ орзу намоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520