Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори муосири варзишӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти бозори наздисарҳадӣ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ

26.06.2016 10:49, шаҳри Хоруғ

Рӯзи 26 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои толори муосири варзиширо ба истифода дод.

Маркази мазкур аз толори барҳавои дорои 60 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гуштин, тенниси рӯйи миз ва ҳам маҷлису семинарҳо, ҷамъомадҳову чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шавад.

  Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 2 миллиону 55 ҳазор сомонӣ буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф” иҷро кардааст ва дар вақти сохтмон 38 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Тавре маълум гардид, бинои толори варзишӣ як қисми бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем аст, ки дар назди марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд шудааст.

Дар бозор имкон фароҳам аст, ки шаҳрвандони ду давлати дӯсту ҳамсоя аз ин ҷо маводи ниёзи аввалро дастрас намоянд. Ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ чун бунёди пулҳои мошингузар, ки ду давлатро пайванд месозад, аз иқдомҳои шоиставу башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри пешрафти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми афғон бунёд шудааст. Дар бозори наздисарҳадӣ барои 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон  ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафҳои аслии бунёди толори варзишӣ низ омили рушди соҳаи варзиш, таъмини солимии ҷомеа ва таҳкими дӯстии мардуми тоҷику афғон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сохтмончиён барои бунёди чунин як иншооти муҳими варзишӣ арзи сипос намуда, ҷавононро ба тарбияи руҳу ҷисми солим ҳидоят кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520