Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони бинои 12 ошёна дар маркази шаҳри Хоруғ

26.06.2016 11:40, шаҳри Хоруғ

Дар идомаи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохтмони бинои 12 ошёна санги асос гузошт.

Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Меъмор-2002" омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии "Ориёнбонк", меҳмонхона барои 200 ҷой,  толори ороишӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани нишастҳо  ва тарабхона ҷойгир карда мешавад.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12 ошёна хоҳад буд, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бунёд карда мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ то 100 нафар шаҳрвандони вилоят дар ин ҷо соҳиби ҷойҳои кори доимӣ мегарданд. Тавре маълум шуд, сохтмони бино ду сол  идома ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ феълан 200 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят ҷалб гардидаанд.

Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк" буда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии ҳамин ҷамъият ("Ориёнбонк") маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520