Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бунёди мактаб барои 480 ҷой дар маркази ноҳияи Ишкошим

27.06.2016 10:16, ноҳияи Ишкошим

Дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғози расмӣ бахшид.

Дар макони гузоштани санги асос, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои 480 ҷой муаррифӣ шуд.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, лингофонӣ-компютерӣ ва синфхонаи технологӣ барои писарону духтарон иборат хоҳад буд. Китобхонаву толорҳои хониш, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 260 ҷой низ дар доираи ҳамин лоиҳа бунёд мешаванд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур 1,8 гектар замин ҷудо гардида, дар лоиҳа майдони варзишии футбол, майдончаҳо барои валейбол, баскетбол теннис ва майдони ҳарбӣ пешбинӣ гардидаст.

Сарвари давлат ҳини шиносоӣ ба фармоишгару сохтмончиён дастур дод, ки дар сохтмони бино ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ба сифати корҳо аҳамияти махсус зоҳир кунанд, зеро иншоот бояд солҳои тӯлонӣ ба фарзандони сокинони ноҳия хизмат намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520