Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини

01.07.2016 12:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.

Қайд гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст.

Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520