4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш ба ифтихори аз нав сазовор шудани ӯ ба мақоми Президенти ИМА барқияи шодбошӣ фиристода, аз ривоҷи муносибати дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷорҷ Буш сиҳатии комил ва дар фаъолияти самарабахши ӯ барор таманно кард.