Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Маҷлиси Қонунгузории Фаластин, иҷрокунандаи Вазифаи Раиси Ҳокимияти Миллии Фаластин Рӯҳӣ Фатуҳ

12.11.2004 09:00, шаҳри Душанбе

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Рӯҳӣ Фатуҳ – Раиси Маҷлиси Қонунгузории Фаластин, иҷрокунандаи Вазифаи Раиси Ҳокимияти Миллии Фаластин барқияи таъзия фиристода, ҳамдардии амиқи мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди вафоти Раиси Созмони озодихоҳи Фаластин ва Президенти он кишвар Ёсир Арафот иброз дошт. Сарвари давлат изҳори умед намуд, ки кору пайкори муборизи машҳури Фаластин илҳомбахши роҳбарияти ҷадиди Фаластин ва мардуми кишвар дар роҳи амалӣ намудани орзую ормонҳои марҳум хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520