Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиши калони идона бахшида ба ҷашни пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

20.11.2004 21:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 20 ноябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни пойтахти ҷумҳурӣ намоиши калони идона баргузор гардид.

Дар ин маросими пуршукӯҳ Президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, ҳамаи ҳозиринро табрик намуда зикр кард, ки Душанбе дар давраи кӯтоҳи таърихӣ ба маркази бузурги иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат табдил ёфт, ки дар он намояндагони миллатҳои гуногун дӯстона ва бародарона зиндагӣ мекунанд. Қайд карда шуд, ки Душанбе пойтахти Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Баъд ба шарафи ҷашни пойтахт аз тӯпҳо шиллик парронда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520