28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар доираи муколамаи байнидавлатӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодии дуҷонибаро муҳокима карданд.
Мусоҳибон ба идомаи ҳамкории самарабахш дар соҳаи ҳарбию техникӣ ва таъмини амният таваҷҷӯҳи калон зоҳир намуданд. Сарони давлатҳо ҳамчунин баъзе масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистонро баррасӣ карданд.