25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов сӯҳбати телефонӣ дошт.
Мавзӯи асосии сӯҳбатро вазъи номатлуби экологии дар вилоят бавуҷудомада ташкил дод. Дар ВМКБ бар асари боридани барфи зиёд ва тармафароӣ чанд нафар ҳалок ва беному нишон шуда, объектҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, шабакаи хатҳои телефонӣ зарари ҷиддӣ диданд. Ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди дохили вилоят, Хоруғ - Душанбе ва Хоруғ - Ош қатъ гардида буд.
Раиси вилоят Алимамад Ниёзмамадов ба Сардори давлат оид ба тадбирҳои андешидашуда дар мавриди рафти оқибатҳои офати табиӣ ҳисобот дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои одамони ҳалокшуда таъзия баён карда, ба Сарвазири ҷумҳурӣ супориш дод, ки бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ маҷмӯи тадбирҳои фаврию муассир андешад.