Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба бо сафари расмӣ ба Белгия

25.03.2003 18:00, Белгия

25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Брюссел омад.

Худи ҳамин рӯз мулоқоти ӯ бо Шоҳи Белгия Алберти II доир гардид.

Дар ҷараёни музокирот маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Дар ин робита ҷонибҳо омодагии худро ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карданд.

25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби генералии НАТО лорд Ҷорҷ Робертсон дар Брюссел мулоқот дошт.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо бо назардошти иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шӯрои шарикони Аврупою Атлантика ва Барномаи НАТО "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" самтҳо ва соҳаҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аҳамияти ин иқдом барои амнияти миллии Тоҷикистон ва нигоҳ доштани суботи минтақавӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки Котиби генералии НАТО дар моҳи июни соли 2003 ба Тоҷикистон сафар намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520