Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Украина

09.04.2003 14:00, шаҳри Душанбе

9 апрел музокироти Тоҷикистону Украина дар ҳайати васеъ бо иштироки Сарони ҳар ду давлат идома ёфтанд. Баъд аз ин баррасии муфассали проблемаҳои мавҷуда доир гардид. Дар ҷараёни музокирот дар ҳайати васеъ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Баъд аз анҷоми музокирот маросими имзои санадҳои дуҷониба дар ҳузури Сарони ду давлат доир гардид. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина, Ахднома дар бораи ҳамкории иқтисодии дарозмуддат барои солҳои 2003-2012, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Украина оид ба ташкил намудани ҳисоббаробаркунӣ ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар ба имзо расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520