15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири савдои хориҷии Фаронса Франсуа Лоосро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса дар бахши воқеии иқтисодиёт иқтидори бузурги рушди ҳамкорӣ дорад. Дар робита ба лоиҳаҳои муҳимтарин бо назардошти таҷриба ва имкониятҳои Фаронса дар соҳаҳои мазкур аҳамияти калон дода шуд.