19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фармон "Дар бораи баргузории Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандони эстрада" имзо намуд.
Дар фармон омадааст, ки бо мақсади рушди санъати эстрада ва дарёфти истеъдодҳои нав "Соли 2004 соли санъати эстрадаи муосир" эълон гардида, дар ин асос Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандони эстрада баргузор карда шавад.
Қарори мазкур Вазоратҳои фарҳанг, молия, иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки дар муддати ду моҳ лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳоро доир ба баргузории Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандони эстрада таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.