22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Исроил дар Тоҷикистон Тсви Коэн-Литантро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба самтҳо ва шаклҳои мушаххаси ҳамкории дуҷониба, хусусан дар соҳаҳои саноати маъданӣ, маориф ва омода сохтани мутахассисони касбӣ диққати махсус доданд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми глобалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро фаро гирифт.